Saeco SM8780/00 - Instrukcja obsługi - Strona 139

Saeco SM8780/00 Ekspres do kawy – Instrukcja obsługi w formacie pdf, czytaj online za darmo. Mamy nadzieję, że okaże się ona pomocna w przypadku jakichkolwiek pytań związanych z użytkowaniem urządzenia.

Jeśli nadal masz wątpliwości, zadaj pytanie w komentarzach pod instrukcją.

"Ładowanie instrukcji" oznacza, że musisz poczekać na pobranie pliku, aby móc go przeczytać online. Niektóre instrukcje są bardzo obszerne, a czas ich ładowania zależy od szybkości łącza internetowego.
Strona:
/ 207
Ładowanie instrukcji

719

Тоҷикӣ

Нӯшокии дилхоҳи худро дар профил нигоҳ доред

Ин дастгоҳи қаҳва ба шумо имкон медиҳад, ки тавонед танзимоти нӯшокиро мувофиқи хоҳиши худ
танзим намоед ва нӯшокии танзимшударо дар профили шахсии худ нигоҳ доред. Шумо метавонед
профилро интихоб кунед ва дастуреро тавассути профилҳо нигоҳ доред.

Шумо метавонед профилро эҷод кунед ва тавассути нишони профил нӯшокиро илова намоед.

1

Нишони профилро дар менюи асосӣ зер кунед (Расм 8).

2

Нишони «Ҷамъ»-ро пахш кунед (Расм 9).

3

Номи худро ворид намуда, нишони дилхоҳро интихоб кунед.

4

Акнун шумо барои илова карда нӯшокӣ омодаед. Нишони нӯшокиро бо интихоби худ зер кунед.

5

Шахсисозии нӯшокӣ тавассути вазифаи CoffeeEqualizer Touch

+

ё CoffeeMaestro.

6

Нишони «Дар профил нигоҳ доштан»-ро зер карда, натиҷаро дар профили шахсии худ нигоҳ
доред (Расм 10).

Диҳиши иловагӣ (ExtraShot)

Дастгоҳи қаҳваи шумо имкон медиҳад, ки ба қаҳва ва нӯшокиҳои ширии худ Ристреттои иловагиро
илова кунед, масалан, агар шумо қаҳваи пурқувватро афзал донед.

1

Пиёларо дар зери даҳанаи диҳиш ҷойгир кунед.

2

Барои интихоб кардани нӯшокӣ, яке аз нишонҳои нӯшокиҳоро бо як ласм зер кунед (Расм 6).

3

Барои танзим кардани қувваи қаҳва то сатҳи баланд, навори танзимшавандаро ба боло ҳаракат
кунед ва вазифаи ExtraShot-ро интихоб намоед (Расм 11).

4

Пас барои оғози тайёркунии нӯшокӣ нишони «Оғоз/ист»-ро пахш кунед (танҳо барои SM8780,
SM8782, SM8785) ё нишони «Оғоз»-ро пахш кунед (танҳо барои SM8885, SM8889).

5

Барои қатъ кардани диҳиши нӯшокӣ то анҷоми диҳиши ҳаҷми муқарраршуда бо дастгоҳ, нишони
«Оғоз/ист»-ро аз нав пахш кунед (танҳо барои SM8780, SM8782, SM8785) ё нишони «Ист»-ро аз
нав пахш кунед (танҳо барои SM8885, SM8889).

Вақте ки шумо вазифаи ExtraShot-ро интихоб мекунед, шумо метавонед дар як вақт танҳо як

пиёлаи қаҳваро тайёр кунед.

Нишони ExtraShot барои ҳамаи нӯшокиҳо пешбинӣ нашудааст.

Танзимкунии дастгоҳи қаҳва

Барои танзим кардани аксари танзимоти дастгоҳ, нишони Танзимотро зер карда, қадамҳоро аз рӯи
экран иҷро намоед.

Барои гирифтани дастгирии онлайн (ҷавобҳо ба саволҳои роиҷ, видеоҳо ва ғайра) рамзи QR-ро аз
рӯи муқоваи китобча сканер кунед ё ба сомонаи

www.saeco.com/care

гузаред

Танзимкунии дараҷаи дуруштии об

Мо тавсия медиҳем, ки шумо танзими дараҷаи дуруштии обро мувофиқи дараҷаи дуруштии об дар

минтақаи шумо танзим кунед, то дастгоҳи қаҳва беҳтар ва ба муҳлати дароз кор кунад. Ин амал
инчунин шуморо аз ниёзи бисёр маротиба тоза кардани оҳаксанг дар дастгоҳ озод мекунад. Танзими
пешфарз барои дуруштии об 4 аст: оби дурушт.

Барои муайян кардани дараҷаи дуруштии об дар минтақаи худ, аз навори
санҷишӣ барои ченкунии дуруштии об, ки ба шумо бо дастгоҳ таъмин карда
шудааст, истифода баред:

1

Навори санҷишӣ барои ченкунии дуруштии обро ба оби тоза ғутонед ё онро дар зери ҷараёни об
ба муддати 1 сония доред (Расм 12).

2

1 дақиқа интизор шавед. Шумораи чоркунҷаҳое, ки дар навори санҷишӣ сурх мешаванд, дараҷаи
дуруштии обро нишон медиҳанд (Расм 13).

instrukcjapopolsku.pl
Nadal masz pytania?

Nie znalazłeś odpowiedzi w instrukcji lub masz inne problemy? Zadaj pytanie w poniższym formularzu i opisz szczegółowo swoją sytuację, aby inni użytkownicy i eksperci mogli udzielić ci odpowiedzi. Jeśli wiesz, jak rozwiązać problem innej osoby, podziel się swoją wiedzą :)