Saeco SM6580/10 - Instrukcja obsługi - Strona 128

Ekspres do kawy Saeco SM6580/10 – Instrukcja obsługi, czytaj za darmo online w formacie PDF. Mamy nadzieję, że to pomoże rozwiązać wszelkie problemy, które mogą się pojawić. Jeśli masz dodatkowe pytania, skontaktuj się z nami za pomocą formularza kontaktowego.
620
Тоҷикӣ
7
Сарпӯшро пӯшед.
Барои гирифтани дастурҳои ботафсили видеоӣ, ба сомонаи
www.saeco.com/care
гузаред.
Амали тозакунии оҳаксанг
Лутфан, танҳо аз воситаи Philips-и бар зидди оҳаксанг истифода баред. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои бар
зидди оҳаксанг дар асоси кислотаи сулфат, кислотаи хлорид, кислотаи сулфамикӣ ё кислотаи сирко
(сирко) истифода набаред, зеро онҳо метавонанд гардиши обро дар дастгоҳи қаҳваи шумо вайрон
кунад ва оҳаксангро ба таври муносиб тоза накунад. Агар аз воситаи Philips-и бар зидди оҳаксанг
истифода набаред, кафолати шумо бекор карда мешавад. Агар дастгоҳро аз оҳаксанг тоза накунед,
кафолати шумо бекор карда мешавад. Шумо метавонед воситаи Philips-и бар зидди оҳаксангро аз
фурӯшандаи маҳаллӣ ё онлайн, ё аз марказҳои хизмартасонии расмӣ харида, ба даст оред.
1
Вақте ки дастгоҳ тозакунии оҳаксангро дархост мекунад, барои оғози амал, нишони OK-ро пахш
кунед. Барои тоза кардани дастгоҳи қаҳва аз оҳаксанг бе дархости дастгоҳ, нишони «Тозакунӣ»-ро
пахш кунед ва '«Тозакунии оҳаксанг»-ро интихоб намоед.
2
Табақча барои қатраҳо, қуттии дурдаи қаҳва ва дарбаргирандаи (Расм 35) HygieSteam-ро ҷудо
кунед, онҳоро холӣ кунед ва ба ҷояш аз нав ҷойгир намоед.
3
зарфи обро ҷудо кунед ва онро холӣ намоед. Пас полои обии «AquaClean»-ро ҷудо кунед.
4
Ба обдон тамоми зарфи воситаи Philips-и бар зидди оҳаксангро резед ва бо об то дараҷаи CALC
CLEAN (Тозакунии оҳаксанг) пур намоед (Расм 51). Пас онро ба дастгоҳи қаҳва ҷойгир кунед.
5
Қуттии калонро (1,5 l) дар зери даҳанаи диҳиши қаҳва ҷойгир кунед.
6
Мутмаин шавед, ки дарбаргирандаи HygieSteam ба таври дуруст васл карда шудааст (Расм 44) ва
ба дастгоҳи қаҳва пайваст шудааст (Расм 45). Қубури ширро ба гиркунандаи қубури шир ҷойгир
намоед (Расм 46).
7
Барои оғоз кардани амали тозакунии оҳаксанг, дастурҳоро аз рӯи экран иҷро намоед. Раванди
тозакунии оҳаксагн 30 дақиқа идома меёбад ва аз давраи тозакунии оҳаксанг ва давраи тозакунӣ
бо об иборат аст.
8
Пас аз анҷоми амали тозакунии оҳаксанг, шумо бояд зарфи об ва қунҷҳои диҳиши обро обгардон
кунед. Дастурҳои экранро риоя намоед.
9
Полои обии «AquaClean»-и навро дар обдон ҷойгир карда, онро фаъол созед ('Фаъолсозии полои
обии «AquaClean» (5 дақиқа)'-ро бинед).
Маслиҳат: Истифодаи полои обии «AquaClean» ниёзи тозакунии оҳаксангеро кам мекунад!
Чӣ бояд кард, агар раванди тозакунии оҳаксанг қатъ шуда
бошад
Бо пахшкунии тугмаи фаъолкунӣ/хомӯшкунӣ дар лавҳаи идоракунӣ, шумо метавонед аз раванди
тозакунии оҳаксанг бароед. Агар раванди тозакунии оҳаксанг то анҷоми пурра қатъ шуда бошад,
қадамҳои зеринро иҷро кунед:
1
Обдонро холӣ карда, бодиққат обгардон кунед.
2
зарфи обро бо оби тоза то нишондиҳандаи CALC CLEAN пур намоед ва дастгоҳи қаҳваро аз нав
фаъол кунед. Дастгоҳ гарм мешавад ва давраи шустани худкорро иҷро менамояд.
3
Пеш аз тайёркунии ягон нӯшокӣ, шустани дастгоҳи қаҳваро ба таври дастӣ иҷро намоед. Барои
иҷро кардани обгардонкунӣ ба таври дастӣ, аввал ними зарфи обро бо оби гарм пур намоед, пас
аз ин 2 пиёлаи нӯшокиро аз қаҳваи қаблан майдашуда тайёр кунед, аммо худи қаҳваи қаблан
майдашударо илова накунед.
Тавзеҳ: Агар раванди тозакунии оҳаксанг анҷом нашуда бошад, шумо бояд ин амалро ҳар чӣ зудтар
такроран иҷро намоед.
"Ładowanie instrukcji" oznacza, że należy poczekać, aż plik się załaduje i będzie można go czytać online. Niektóre instrukcje są bardzo obszerne, a czas ich ładowania zależy od prędkości Twojego internetu.
Inne modele ekspresy do kawy Saeco
-
Saeco HD 8325/09
-
Saeco SM6480/00
-
Saeco SM6582/30
-
Saeco SM6585/00
-
Saeco SM7580/00